Каталог регламентов и стандартов > Действующие технические регламенты > ТР РТ 022 - 2025

Действующие технические регламенты

ТР РТ 022 - 2025

Название Регламенти техникии «Талаботи бехатарии иловаҳои хӯрокворӣ, хушбуйкунандаҳо ва воситаҳои ёрирасони технологи»
Аннотация 1. Регламенти техникии «Талаботи бехатарии иловаҳои
хӯроквори, хушбуйкунандаҳо ва воситаҳои ёрирасони технологи»
(минбаъд - Регламенти техники) талаботи ҳатмиро барои истифода ва
иҷрои татбиқи иловаҳои хӯроквори, хушбуйкунандаҳо ва воситаҳои
ёрирасони технологӣ ва таркиби онҳоро дар маҳсулоти хӯроквори, ки
дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд
ва талаботро ба раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва
нобудсозӣ, инчунин талабот оид ба тамғагузорӣ, бастабанди ва
баҳодиҳии мутобиқатро бо мақсади таъмини гардиши озоди маҳсулот
муқаррар менамояд.
2. Регламенти техникӣ бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии
одамон, муҳити зист, ҳаёт ва саломатии ҳайвонот, пешгирӣ намудани
амалҳое, ки истеъмолкунандагон ба иштибоҳ меоранд, таҳия
гардидааст.
3. Объектҳои бамеъёрдарории техникии Регламенти техники инҳо
мебошанд:
1) иловаҳои хўроквори, иловаҳои мураккаби хӯроквори;
2) хушбуйкунандаҳо;
3) воситаҳои ёридиҳандаи технологи;
4) маҳсулоти хӯрокворӣ дар қисми таркиби иловаҳои хӯроквори,
моддаҳои фаъоли биологи аз хушбуйкунандаҳо, миқдори
боқимондаҳои воситаҳои ёрирасони технологи;
5) равандҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва нобудсозии
иловаҳои хуроквори, хушбўйкунандаҳо ва воситаҳои ёрирасони
технологи.
4. Регламенти техникӣ ба равандҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ,
интиқол, фурӯш, нобудсозӣ ва истифодаи иловаҳои хуроквори,
хушбуйкунандаҳо ва воситаҳои технологи, ки аз тарафи шаҳрвандон
дар шароити хона ва (ё) дар хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ истеҳсол
гардида, танҳо барои истифодаи худи ва хоҷагиҳои шахсӣ пешбинӣ
мешаванд ва барои ба муомилот баровардан дар ҳудуди Ҷумҳурии
Тоҷикистон пешбинӣ намешаванд, татбиқ намегардад.
Статус Н/Д Действующий
Дата принятия в РТ 27.09.2025
Дата введения 27.03.2026
Разработчик Н/Д и его адрес Агентство по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан
Категория Действующие технические регламенты
Язык оригинала точики
Изменения -
Кол-во страниц 240
Заказать
developer: webpro.tj